Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дастаҳои “Саройкамар”-и Панҷ ва “Кӯктош”-и Рӯдакӣ ба бозии ниҳоии мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон роҳ ёфтанд.

Дастаҳои “Саройкамар”-и ноҳияи Панҷ ва “Кӯктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ ба ҳаққи ширкат дар бозии ниҳоии мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон даст ёфтанд. “Саройкамар” дар бозии ҷавобии ниманиҳоӣ рӯзи 13-уми ноябр дар меҳмонӣ аз тими “Эсхата»-и Хуҷанд бо ҳисоби 1-2 шикаст хӯрд. Ёдовар мешавем, ки дар бозии аввали ниманиҳоӣ футболбозони ноҳияи Панҷ дар майдони худ бо ҳисоби 3-1 пирӯз шуда буданд. Бинобар ин аз рӯи натоиҷи ду бозӣ бо дарназардошти таносуби тӯбҳо “Саройкамар” ба финал баромад.

Дар бозии дигари ҷавобии ниманиҳоӣ “Кӯктош” дар майдони худ бар “Исфара”-и шаҳри Исфара бо ҳисоби 4-3 ғолиб омад. Дар бозии аввал низ “Кӯктош” бар рақибаш дар меҳмонӣ бо ҳисоби 1-0 пирӯзӣ ба даст оварда буд.

Ба ин тартиб, дастаҳои “Саройкамар”ва «Кӯктош» барои медалҳои тилло, «Эсхата» ва «Исфара» бошанд, барои медалҳои биринҷӣ мубориза мебаранд. Бозии аввал барои ҷойи севум ва бозии ниҳоӣ 18-уми ноябр, бозиҳои ҷавобӣ 23-юми ноябр баргузор мешаванд.

Мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон

Даври ниманиҳоӣ. Бозиҳои ҷавобӣ

«Эсхата» (Хуҷанд) - «Саройкамар» (Панҷ) - 2:1

Голҳо: Шавкат Насруллоев, 2 (1:0). Манучеҳр Ҳасанов, 36 (2:0). Соҳибҷон Ваҳҳобов, 56 (2:1).

«Эсхата» (Хуҷанд): Бахтиёрҷон Ҷӯраев, Нарзуллоҳ Раҷабов, Довуд Зиёвуддинов, Даврон Маҳмудов, Аъзамҷон Ҷабборов (Саидҷон Бойбобоев, 46), Ҷӯрабой Исоев, Мирҷамол Икромбеков, Анвархони Темурхон (Шерзод Бердиқулов, 88), Манучеҳр Ҳасанов, Шавкат Насруллоев, Абдумалик Шодиев.

«Саройкамар» (Панҷ): Сафар Наботов, Фаридун Шодиев, Искандар Мамадқулов, Сӯҳроб Имомназаров, Шарифи Қиёмиддин, Иброҳими Мӯҳтоҷзода, Дилшод Ниҳолов, Ҳусейн Ёқубов, Наим Мамадқулов, Хуршед Ямоқов, Соҳибҷон Ваҳҳобов (Амонулло Боронов, 89).

Огоҳонида шуданд: Ҷӯрабой Исоев, Довуд Зиёвуддинов («Эсхата»), Искандар Мамадқулов, Соҳибҷон Ваҳҳобов, Шарифи Қиёмиддин («Саройкамар»).

Бозигари беҳтарини ин бозӣ: Шавкат Насруллоев («Эсхата»).

Сардовар: Аъзам Бӯриев (Қӯрғонтеппа).

Нозири бозӣ: Комрон Шодиев (Душанбе).

13 –уми ноябр. Хуҷанд. Варзишгоҳи «Спартак». 100 тамошобин.

Бозии аввал – 1:3.

«Кӯктош» (Рӯдакӣ) - «Исфара» (Исфара) - 4:3

Бозии аввал – 1:0.

18-уми ноябр (сешанбе)

Оғози бозиҳо - соати 14:00

Бозӣ барои ҷойи - 3-юм. Бозии аввал

«Эсхата» – «Исфара»

Финал. Бозии аввал

«Саройкамар» – «Кӯктош»

23-
юми ноябр (якшанбе)

Оғози бозиҳо - соати 13:00

Бозӣ барои ҷойи 3-юм. Бозии ҷавобӣ

«Исфара» – «Эсхата»

Финал. Бозии ҷавобӣ

«Кӯктош» - «Саройкамар»

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG