Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ашраф Ғанӣ аз Покистон боздид мекунад


Ашраф Ғанӣ
Ашраф Ғанӣ

Ашраф Ғанӣ-раиси ҷумҳури Афғонистон ба нақша гирифтааст, ки аввалин боздиди расмии хориҷии худро бо Покистон-кишвари ҳамсоя оғоз кунад. Ин боздид ҳафаи ҷорӣ сурат мегирад.

13 ноябр вазорати корҳои хориҷаи Покистон гуфт, ки рӯзҳои 14-15 ноябр Ашраф Ғанӣ дар садри як ҳайати мақомоти баландпоя аз Покистон боздид мекунад. Дар муносиботи ин ду кишвари ҳамсоя баъзе нофаҳмиҳо вуҷуд дорад.

Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури пешини Афғонистон такрор ба такрор Покистонро муттаҳам мекард, ки дар паси Толибон ва соири гурӯҳҳои тундрав қарор дорад ва Толибон бо истифода аз пойгоҳҳо дар манотиқи қабиланишини Покистон ба нируҳои Афғонистон ва НАТО ҳамла мекунад.

XS
SM
MD
LG