Пайвандҳои дастрасӣ

Диндорони қирғиз мухолифи рафтани ҷавонон ба Сурия ҳастанд


Орозбек Молдалиев-раиси Кумиссиюни давлатӣ дар умури мазҳабии Қирғизистон аз Идораи мусулмонони кишвараш хостааст, ки барои пешгирӣ аз рафтани ҷавонон ба ҷангҳои Сурия таблиғотро дар байни онҳо дар маҳаллот бештар кунанд. Вай ин суханонро дар дар маҷмаи намояндагони динҳои гуногуни кишвараш баён доштааст.

Пеш аз ин суханон дафтари матбуотии раёсати корҳои дохилаи вилояти Ӯш хабар дод, ки кормандони ниҳодҳои интизомӣ аз фиристодани шаҳрвандон ба Сурия пешгирӣ кардаанд. Дар миёни онҳо чанд оила низ будааст.

Ин раёсат гуфтааст, ки ахиран як марди 40 сола талош кардааст зани 24 солаи худ ва ду кӯдаки 2 ва 3 солаашро бо худ ба Сурия барад.

Бино ба маълумоти пулис, дар ҷангҳои Сурия ҳудуди 10 нафар шаҳрвандони Қирғизистон аз минтақаҳои мухталифи кишвар кушта шудаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG