Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олмониҳои Русия ҳамоиши худро баргузор мекунанд


Дар шаҳри Омски Русия ҳамоиши 13-ӯми олмониҳои муқими Русия идома дорад. Дар кори он намояндагони ҷамъиятҳои олмонӣ аз Тоҷикистону Қазоқистон ва Қирғизистону Узбакистон ширкат мекунанд. Ин ҳамоиш аз 12 то 16 ноябр давом мекунад ва ба 50 солагии ташкили ҷамъияти олмониҳои Русия ихтисос додард.

Дар миёни олмониҳои Русия донишмандони машҳур, фармондеҳони низомӣ, шахсиятҳои давлатӣ, варзишгарон ва нависандагону ҳунармандони машҳур ҳастанд, ки барои Русия хидмат мекунанд.

Бо вуҷуди ин ки олмониҳо чанд садсола дар Русия ба сар мебаранд, онҳо ҳамчунон суннатҳои миллии худро ҳифз кардаанд. Ба наслҳои нави худ забон ва анъанаҳои худро омӯзондаанд, то онҳо аз суннатҳо ва анъанаҳои миллии худ дур нашаванд.

Дар ҳамоиши 13-ӯми олмониҳо дар Омск нахуствазир Дмитрий Медведев ширкат меҷӯяд.

XS
SM
MD
LG