Пайвандҳои дастрасӣ

Як қирғиз аз тири марзбонони Узбакистон кушта шуд


Марзбонони Узбакистон 13 ноябр дар минтақаи марзии Узоқи ноҳияиАла Букини вилояти Ҷалолобод дар марз бо Қирғизистон ба сӯи як шаҳрванди Қирғизистон оташ кушодаанд ва вайро захмӣ кардаанд. Вай дар роҳ ба сӯи яке аз бемористонҳои Узбакистон ҷон додааст. Дар ин бора Гулмира Борубаева-намояндаи расмии Хадамоти марзбонии Қирғизистон ба матбуот хабар додааст.

Бино ба маълумоти пешакӣ, ин ҳодиса бо моли қочоқии шаҳрванди Қирғизистон иртибот доштааст, ки мехостааст онро аз Қирғизистон ба Узбакистон бигзаронад. Борубаева мегӯяд, барои рӯшан кардани ҷузъиёти ин ҳодиса дар маҳали ҳодиса марзбонони ҳар ду кишвар музокира анҷом додаанд.

Дар давоми ҳафтаи ҷорӣ ин дуввумин мавриди истифодаи аслиҳа аз тарафи марзбонони Узбакистон бар зидди шаҳрвандони Қирғизистон аст. Пештар дар вилояти Ботканд ба сӯи ду шаҳрванди Қирғизистон тирандозӣ сурат гирифта буд.

XS
SM
MD
LG