Пайвандҳои дастрасӣ

СММ аз имкони даргириҳои бештар дар шарқи Украина ҳушдор дод


Шӯрои Амният

Шӯрои Амният

Шӯрои Амнияти СММ иҷлоси фаврии худро роҷеъ ба бӯҳрони Украина баргузор кард. Ин бори 26-ӯм аст, ки ин шӯро бидуни тасмим ба поён мерасад, вале мақомоти расмии СММ аз имкони “даргириҳои густарда” дар шарқи Украина ҳушдор доданд.

Ҷаласаи Шӯрои Амният баъд аз чанд соати изҳороти мақомоти расмии НАТО баргузор шуд. НАТО гуфт, ки аз 10 ноябр то ҳол корвонҳои гуногун иборат аз тонку тӯп ва воҳидҳои зиддиҳавоӣ аз қаламрави Русия ба шарқи Украина гузаштаанд. Ин минтақа зери контроли ҷудоихоҳон қарор дорад. Русия ин иддаоро рад мекунад ва мегӯяд, ҳеҷ нишонае вуҷуҷ надорад, ки нируҳои Русия дар шарқи Украина ҷой гирифтаанд.

Дар иҷлоси фаврии Шӯрои Амнияти СММ ҳеҷ қатънома бар зидди Русия пешниҳод нашуд. Худи Русия дар ин шӯро аз ҳақи вето бархурдор аст.

Саманта Повер-намояндаи Амрико дар СММ дар Шӯрои Амният гуфт, ки Русия “дар бораи сулҳ сӯҳбат мекунад, вале ба оташи ҷанг рӯған мерезад”.

XS
SM
MD
LG