Пайвандҳои дастрасӣ

Ковишгар дар сатҳи комета фуруд омад ва ҳоло мушкил дорад


Ковишгар дар сатҳи ситораи дунболадор

Ковишгар дар сатҳи ситораи дунболадор

Ожонси Фазонавардии Аврупо робот ё ковишгареро дар рӯи ситораи дунболадор ё комета фуруд овард.Вале пояҳои ин робот дар рӯи ин ситора ё шаҳобсанг устувор ҷой нагирифтааст ва мумкин аст чунин ҳолат дар иҷрои барномаҳои пешбинишудаи таҳқиқотӣ дар низоми офтобӣ мушкил пеш орад.

Ин ковишгар бо номи "Philae" 12 ноябр баъд аз 7 соати ҷудо шудан аз фазопаймои "Rosetta" ба рӯи шаҳобсанг 67P нишаст.Ин ковишгар ба андозаи як мошини либосшӯист ва 100 килограм вазн дорад.

Ожонси Фазонавардии Аврупо (ESA) мегӯяд, фуруд омадани ковишгар дар сатҳи шаҳобсанг ё комета “қадами бузурге” барои инсоният аст ва ожонси NASA-и Амрико онро лаҳзаи табаддулот дар ҳаёти башарӣ номид.

Фазонаварди "Rosetta" 6,5 миллиард километр роҳро то ба комета дар давоаи 10 сол тай кард. Комета ё шаҳобсанг, ки аз он ситораи дунболадор низ ном мебаранд 4 километр масоҳат дорад ва аз гарду ях иборат аст.

Ин ситораи дунболадорро соли 1969 Клим Чурюмов ва Светлана Герасименко-нуҷумшиносони Шӯравӣ кашф карданд. Вале ин ситора таърихи чаҳоруним милиард сола дорад.

XS
SM
MD
LG