Пайвандҳои дастрасӣ

НАТО гуфт, тонку тӯпҳои Русия ба Украина ворид шудааст


Яке аз фармондеҳони баландрутбаи НАТО мегӯяд, ин созмон вуруди корвони аслиҳа ва танку тӯп аз Русия ба Украинаро мушоҳида кардааст. Генерали амрикоӣ Филип Бридлов рӯзи 12 ноябр зимни суханронӣ дар София, пойтахти Булғористон, гуфт, корвони танку тӯп ва системаҳои дифои ҳавоӣ ва нерӯҳои ҷангӣ дар ду рӯзи гузашта аз Русия ба Украина ворид шудаанд. Нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо рӯзи 11-уми ноябр гуфтанд, ки 43 мошини низомии бе рақам, ки 10-тои онҳо тӯпхона ва мушакандоз мебурданд, ҳангоми ҳаракат ба шаҳри Донетск, такягоҳи аслии ҷудоихоҳони тарафдори Русия дидаанд. Айни замон гузориш мешавад, ки мақеъи нерӯҳои давлатии Украина дар назди фурудгоҳи Донетск таҳти оташи шадиди минамёт қарор гирифтааст. Ҳаракати корвони тонку тӯпхона ва тирандозиҳои шадид нигарониҳо аз афзоиши муноқиша дар шарқи Украинаро барангехтааст, ки дар натиҷаи он аз моҳи апрел то кунун 4 ҳазор нафар кушта шудаанд. Бо вуҷуди имзои созиши оташбас дар рӯзи 5-уми сентябр дар шаҳри Минск даргириҳои пароканда миёни нерӯҳои давлатии Украина ва ҷудоихоҳон идома дорад.

XS
SM
MD
LG