Пайвандҳои дастрасӣ

Мудири EBRD ба Душанбе сафар мекунад


Қарор аст, Сума Чакраборти, мудири Бонки Аврупоии Бозсозӣ ва Рушд ҳафтаи оянда ба Тоҷикистон сафар кунад. Дар дафтари матбуоти бонк дар шаҳри Лондон рӯзи 12-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки интизор меравад, дар ҷараёни ин сафар, ки аз 17 то 18-уми ноябр сурат мегирад, Сума Чакрабарти бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон мулоқот кунад. Бонки Аврупоии Бозсозӣ ва Рушд то кунун дар Тоҷикистон бештар аз 340 миллион евро сармоя гузоштааст ва моҳи сентябр барои марҳилаи аввали тармиму бозсозии нерӯгоҳи барқи обии Қайроқум дар Суғд 50 миллион доллар ихтисос дод, ки бузургтарин тарҳи бонк дар бахши энергетика дар Тоҷикистон аст. Бар асоси ин тарҳ тавоноии тавлиди нерӯи барқ дар нерӯгоҳи Қайроқум аз 126 мегават то ба 142 мегават расонида мешавад. Тоҷикистон ҳар сол бар асари камбуди барқ дар фасли сармо то 200 миллион доллар зарар мебинад, ки 3 дар сади маҷмуи маҳсулоти дохилии кишварро ташкил медиҳад. Интизор меравад, дар ҷараёни сафари мудири Бонки Аврупоии Бозсозӣ ва Рушд ба Душанбе қарордодҳои нав ба имзо бирасанд.

XS
SM
MD
LG