Пайвандҳои дастрасӣ

Дар атрофу дохили Бағдод 15 нафар кушта шуданд


Бар асари бомбгузориҳо дар атрофу дохили Бағдод, пойтахти Ироқ дасти кам 15 нафар аз ҷумла афсарони пулис кушта шуданд. Яке аз ҳамлаҳои хунин дар ноҳияи Юсуфия дар ҷануби Бағдод рух дод. Дар инҷо дар натиҷаи таркиши мошини бомбгузоришуда дар назди посгоҳи артиш 10 нафар кушта шуданд ва бештар аз 20 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Чанд дақиқаи баъд аз ин як бомбгузори маргталаб худро дар назди идораи пулис тарконд ва 4 нафарро кушту 10 тани дигарро маҷрӯҳ кард. Дар миёни қурбониён 6 нафар афсарони пулис будаанд. Ҳамлаву бомбгузориҳо дар замоне сурат мегирад, ки нерӯҳои амниятии Ироқ ҷанг бо тундравони созмони Давлати исломиро идома медиҳанд, ки онҳо қаламравҳои васеъи Ироқро ишғол кардаанд.

XS
SM
MD
LG