Пайвандҳои дастрасӣ

Қатли як мӯсафеди тоҷик дар Ярославл


Бино ба гузориши сомонаҳои маҳаллӣ, рӯзи 11 ноябр дар як сохтмон дар кӯчаи Курчатови ноҳияи Фрунзеи вилояти Ярославли Русия як шаҳрванди 60-солаи Тоҷикистон бо тири туфангча кушта шудааст. Пулиси Ярославл мегӯяд, бо гумони даст доштан дар ин куштор як сокини 48-солаи маҳаллиро дастгир кардаанд. Алайҳи ин мард парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ва ба ӯ то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.

XS
SM
MD
LG