Пайвандҳои дастрасӣ

“Taj China” аз пардохти 4,6 миллион $ озод шуд


Порлумони Тоҷикистон рӯзи 12 ноябр бо таҳрири қонуни буҷаи соли 2014 ширкати “Taj China”-ро, ки дар шаҳри Ваҳдат бояд як корхонаи семент бисозад, аз пардохтҳои гумрукӣ ба маблағи 4,6 миллион доллар озод кард. Меҳнинамо Ҷонмамадова, муовини вазири молия ба ваиклони Маҷлиси намояндагон гуфт, ин корхонаи семент дар Ваҳдат бар пояи 23 миллион доллар сармояи хориҷӣ ва 7 миллион доллар маблағҳои дохилоӣ сохта мешавад ва ширкати “Taj China” барои ин корхона ба маблағи 1001 миллион сомонӣ, ё 20 миллион доллар дастгоҳу таҷҳизот ворид кунад. Боҷи гумрукии ин таҷҳизот 5,1 миллион ва андоз аз арзиши иловашудааш 19,1 миллион сомонии дигарро ташкил медод, ки акнун ин ширкат бо қарори порлумони аз супурдани он озод мешавад.

Исми моликони “Taj China” эълон нашудааст. Дар гузашта низ порлумони Тоҷикистон чандин ширкатро аз пардохти боҷу хироҷи гумрукӣ ва ҳатто аз пардохти андоз озод карда буд. Мунтақидон мегӯянд, дар бисёр маворид корхонаҳое аз пардохти андозу боҷи гумрукӣ раҳо мешаванд, ки ба раҳбарони аввали Тоҷикистон наздикӣ доранд.

XS
SM
MD
LG