Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳасан Рӯҳонӣ ба Озарбойҷон сафар мекунад


Ҳасан Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон, рӯзи 12-уми ноябр сафари расмӣ ба Озарбойҷонро шурӯъ мекунад. Ӯ бо ҳамтои озариаш Илҳом Алиев мулоқот анҷом медиҳад ва дар ҳузури вакилони порлумони Озарбойҷон суханронӣ мекунад. Раиси ҷумҳури Эрон ҳамчунин бо дигар мақомоти баландпояи Озарбойҷон дидору гуфтугу мекунад ва қарор аст, дар ҷараёни ин сафар чанд қарордод миёни Теҳрону Боку имзо шавад. Ба гуфтаи Маҳмуд Ваёзӣ, ҳамраиси Кумиссиёни байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва башарии Эрону Озарбойҷон ду кишвар тавон доранд, мубодилоти молро ба 10 миллиард доллар бирасонанд. Баъди муддате аз сардии равобит бахусус дар соли 2012 баъди боздошти гурӯҳе аз афроди муртабит ба Эрон, ки гӯё қасд доштаанд, дар Озарбойҷон ҳамла анҷом диҳанд, муносиботи Эрону Озарбойҷон беҳбуд ёфтааст.

XS
SM
MD
LG