Пайвандҳои дастрасӣ

Амрикову Чин партоби газҳои гулхонаиро кам мекунанд


Амрико ва Чин ду кишвари бузургтарин олудакунандаи ҳаво эълон гуфтанд, ки ихроҷи газҳои гулхонаиро дар солҳои оянда камтар мекунанд. Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико ва Хи Ҷинпинг, дар ин бора рӯзи 12 ноябр баъди мулоқот дар шаҳри Пекин хабар доданд. Барак Обама барои ширкат дар нишасти сарони кишварҳои Осиё ва Уқёнусия ба Пекин сафар кард. Ӯ тавофуқи ду кишвар барои коҳиши партоби газҳои гӯлхонаиро “таърихӣ” номид. Барак Обама гуфт, Амрико қасд дорад, то соли 2025 партоби гази карбонат ба фазоро дар муқоиса ба соли 2005 аз 26 то 28 дар сад камтар кунад. Хин Ҷинпинг, раиси ҷумҳури Чин дар нишасти хабарии муштарак гуфт, ихроҷи газҳои гӯлхонаӣ аз ин кишвар то соли 2030 ба авҷи аъло мерасад, вале баъди он коҳиш меёбад. Ӯ нагуфт, ки Чин то чӣ ҳад партоби газҳои гулхонаиро кам мекунад. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар гузашта гуфта буд, ки то соли 2020 ҳаҷми партоби газҳои гулхонаиро дар муқоиса ба соли 2005 то 17 дар сад кам мекунад. Чиҳилу панҷ дар сади газҳои олудакунандаи ҳаво, ки курраи Заминро гармтар кардаанд, аз Чину Амрико хориҷ партоб мешаванд.

XS
SM
MD
LG