Пайвандҳои дастрасӣ

5 сол маҳкумияти зани украинӣ дар Душанбе барои "қаллобӣ"


Додгоҳи Исмоили Сомонӣ як зани 63-солаи украиниро дар шаҳри Душанбе бо ҷурми қаллобӣ панҷуним сол аз озодӣ маҳрум ва равонаи зиндон кард. Кришук Любов, зодаи шаҳри Стаханови Украина, ки феълан истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе буда, ҷое кор намекунад, моҳи июни соли ҷорӣ аз сӯи мақомоти интизомӣ бар асоси моддаи 247 (қаллобӣ) кодекси ҷиноятии Тоҷикистон боздошт ва гунаҳкор дониста шуд.

Марзия Саидзода додрасӣ додгоҳи Исмоили Сомонӣ, ки баррасии ин парвандаро ба дӯш дошт, рӯзи чаҳоршанбеи 12 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, Кришук Любови 63 сола, гӯё барои ташкили фаъолияти соҳибкорӣ ба боварии шаҳрвандон даромада, аз онҳо ба маблағи умумӣ дар ҳаҷми 66 ҳазор долларро азхуд кардаву ба ҷабрдидаҳо зарари калони молӣ расонидааст. Марзия Саидзода ҳамчунин афзуд: “Додгоҳ Кришук Любовро бо моддаи 247 гунаҳкор дониста ӯро ба мӯҳлати 8 сол бо маҳрум намудан аз ҳуқуқи фаъолияти соҳибкорӣ ба мӯҳлати 2 сол ва бо нигоҳ доштан дар калонияи низомаш умумӣ ҳукм баровард. Ҳамзамон мутобиқи моддаи 7 қонуни афв мӯҳлати адонагардидаи ҷазои таъиншуда аз се як ҳисса кам карда шуд. Ҳамингуна ин зан ба мӯҳлати панҷуним сол маҳкум ба зиндон шуд. Ва аз сабабе, ки зарари расонидашуда аз сӯи судшаванда ба ҷабрдидаҳо барқарор нашудааст, додгоҳ рӯёнидани онро лозим шуморид”.

Худи Кришук Любов, ки дар толори додгоҳ ин гуноҳашро иқрор шуд, гуфт бо даст додани имконият метавонад зарари расонидааш ба ҷабрдидаҳоро ҷуброн кунад.

XS
SM
MD
LG