Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эмомалӣ Раҳмон ба Ёвон рафт


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон субҳи имрӯз, чоршанбеи 12 ноябр зимни як сафари корӣ ба ноҳияи Ёвон рафтааст. Масъулони дафтар матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон зимни сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ҳадафи сафари оқои Раҳмон ба Ёвонро, "шиносоӣ бо ҷараёни корҳои созандагию бунёдкорӣ ва мулоқот бо мардуми касбу кори гуногун дар ин минтақа" унвон карданд. Ба иттиллои ин манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар даромадгоҳи ноҳияи Ёвон аз тариқи ҳашари умумӣ ба бунёди боғи нави дарахтони мевадиҳанда оғоз бахшидааст. Ин манбаъ афзуд, ки дар ҷараёни сафари раиси ҷумҳур дар ноҳияи Ёвон як қатор корхонаҳои тавлидӣ ва як мактабу як бинои иловагӣ дар беморхонаи марказии ноҳия ба кор дароварда шуда, ба сохтмони чанд корхонаи нави саноатӣ низ асос гузошта мешавад. Сафари раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои кишвар дар чанд соли ахир ба ҳукми анъана даромада ва гуфта мешавад, аз ин тариқ раҳбари Тоҷикистон бо вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодии сокинон аз наздик ошно ва зимни мулоқотҳо масоили ин минтақаро баррасӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG