Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳодисае дар марзи миёни Қирғизистону Узбакистон


Марзбонони Узбакистон ба сӯи як шаҳрванди Қирғизистон дар марз тир холӣ карданд ва вайро захмӣ кардаанд. Мақомоти марзбонии Қирғизистон дар вилояти Бодканд мегӯянд, ки марзбонони узбак хостаанд ду марди қирғизро боздошт кунанд, ки дар қаламрави марзии Узбакистон10 ноябр бор бор мекардаанд.

Онҳо мегӯянд, ки яке аз ин мардҳо боздошт ва дигарӣ бо захми тир дар шифохонае дар Узбакистон бистарӣ шудааст. Аммо шоҳидони айнӣ, ки ин ҳодисаро мушоҳида мекардаанд, мегӯянд, ки дар ин тиирандозӣ 5 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Ин маълумотро мақомоти расмии Узбакистону Қирғизистон таъйид накардаанд.

Мақомоти Узбакистон мегӯянд, ки ин ду мард хостаанд, бидуни иҷоза ва санад маводи ғайриқонуниро аз марз бигзаронанд.

XS
SM
MD
LG