Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Мерседес-Бенс» - ҷоиза дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Бозии ниҳоии Ҷоми футболи Тоҷикистон байни дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода рӯзи якшанбеи 23-юми ноябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Бозии ниҳоии Ҷоми футболи Тоҷикистон байни дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода рӯзи якшанбеи 23-юми ноябр соати 13:00 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе барпо мегардад. Дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” барои бори чаҳорум паиҳам дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон ширкат хоҳанд кард.

Ёдовар мешавем, ки футболбозони «Истиқлол» то ба финал баромадан бар дастаҳои «Хуҷанд»-и Хуҷанд (6:1, 2:0), «Ҳосилот»-и Фархор (10:0, 5:2) ва «Саройкамар»-и Панҷ (5:0, 1:1) пирӯз шудаанд. «Регар-ТадАЗ» бошад, бар тимҳои «Энергетик»-и Душанбе (0:0, 3:0), ССКА «Помир»-и Душанбе (1:0, 0:0) ва «Хайр»-и Ваҳдат (0:1, 3:1) ғолиб омадааст.

Ба иттилои Федератсиюни футболи Тоҷикистон (ФФТ), нархи чиптаи тамошои ин бозӣ барои ҳамаи минбарҳои варзишгоҳ 5 сомонӣ муқаррар шудааст. Инчунин мухлисон бо ин чиптаҳо дар бозии лотерея, ки баъди анҷоми маросими супурдани ҷоизаҳои ФФТ ба дастаҳо доир мешавад, иштирок мекунанд. Бурди ассосии лотерея мошини сабукрави тамғаи «Мерседес-Бенс» мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки мусобиқа барои Ҷоми Тоҷикистон сар аз соли 1992 барои бори 23-юм барпо мегардад. Ҳамагӣ 10 даста барандагони Ҷом гардидаанд. Аз ҳама бештар – 6 бор дастаи “Регар-ТадАЗ” Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овардааст.

Инчунин себорӣ дастаҳои “Хуҷанд”-и Хуҷанд ва “Истиқлол”-и Душанбе барандагони Ҷом шудаанд. Дастаҳои “Вахш”-и Қӯрғонтеппа, “Варзоб”-и Душанбе ва “Парвоз” (собиқ “Авиатор”)-и Бобоҷон Ғафуров дуборӣ соҳибони Ҷоми Тоҷикистон гаштаанд. Дастаҳои “Помир”-и Душанбе, “Ситора”-и Душанбе, “Равшан”-и Кӯлоб ва “Пахтакор”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов якборӣ Ҷомро азони худ кардаанд.

Натоиҷи ҳамаи бозиҳои ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон:

1992 – «Помир» (Душанбе) - «Регар» (Турсунзода) – 1:0
1993 – «Ситора» (Душанбе) – «Равшан» (Кӯлоб) - 0:0. Аз рӯи пеналтӣ - 5:3
1994 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Шодмон» (Ҳисор) – 2:1
1995 – «Пахтакор» (Ҷаббор Расулов) – «Регар- ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ - 3:2
1996/1997 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 4:0
1997/1998 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Ранҷбар» (Восеъ) – 2:1
1998 – «Варзоб» (Душанбе) – «Хуҷа Каримов» (Ғозималик) – 3:1
1999 – «Варзоб» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ - 4:2
2000/2001 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Варзоб» (Душанбе) – 4:2
2001/2002 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) - 3:1.
2002 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 3:0
2003 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Олимп-Ансол» (Кӯлоб) – 3:1
2004 – «Авиатор» (Бобоҷон Ғафуров) – «Уротеппа» (Истаравшан) – 5:0
2005 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) - «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ - 3:1
2006 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хима» (Душанбе) – 2:1
2007 – «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) – «Хима (Душанбе) – 1:0.
2008 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Энергетик» (Душанбе) – 2:1
2009 – «Истиқлол» (Душанбе) - ССКА «Помир» (Душанбе) - 3:1
2010 - «Истиқлол» (Душанбе) - «Хуҷанд» (Хуҷанд) - 5:0
2011 - “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) - “Истиқлол” (Душанбе) - 1:0
2012- “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) - “Истиқлол” (Душанбе) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ - 6:5
2013 – “Истиқлол» (Душанбе) - “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) - 2:0

XS
SM
MD
LG