Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назарбоев барномаи нави иқтисодии худро пешниҳод кард


Нурсултон Назарбоев
Нурсултон Назарбоев

Нурсултон Назарбоев-раиси ҷумҳури Қазоқистон барномаи нави иқтисодии кишварашро эълон кардааст ва ба он «Нурлу Жол» ном ниҳодааст, ки маънои Роҳи Мунир ё Мунавварро дорад.

Дар паёми солонаи худ ба миллат, ки 10 ноябр садо дод, Назарбоев гуфт, ки бо назардошти сиёсати нав аз 1 январи соли 2015 хонаҳо ба шаҳрвандони Қазоқистон бидуни поин бурдани нарх фурӯхта мешаванд ва додани қарз барои хариди хона дар сол 1 ё 2 дарсадро ташкил хоҳад дод.

Назарбоев ин суханонро дар иҷлоси Шӯрои Сиёсии ҳизби ҳокими Нур-Отан баён дошт ва гуфт, ки ҳукумат ба сохтмони «хонаҳои иҷораи иҷтимоӣ» оғоз мекунад ва онҳоро барои иҷора ба онҳое медиҳад, ки ҳақ доранд дар дарозмуддат онро бихаранд.

Вай гуфт, ки барои иҷрои ин барномаи нави иқтисодӣ 24 миллиард доллар ихтисос дода мешавад.

XS
SM
MD
LG