Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон бо Русия қарордоди ҳастаиро ниҳоӣ мекунад


Алӣ Акбар Солеҳӣ
Алӣ Акбар Солеҳӣ

Интизор меравад, ки 11 ноябр раҳбари ҳайати музокироти ҳастаии Эрон бо Русия қарордод дар бораи бунёди ду корхонаи ҳастаиро ниҳоӣ кунад. Алӣ Акбар Солеҳӣ дар ҷараёни боздидаш аз Маскав дар ин қарордод имзо мекунад.

Бино ба гузоришҳои матбуоти Эрон, ин ду корхонаи ҳастаиро Русия дар наздикии ягона корхонаи ҳастаии Эрон дар Бушеҳр хоҳад сохт. Эрон мегӯяд, ба нақша гирифтааст, ки 20 корхона ё ниругоҳи дигари ҳастаӣ бунёд кунад, то аз пойбандӣ ба нафту газ раҳо шавад.

Моҳи сентябр Русияву Эрон як силсила қарордодҳо дар бораи таҷорат ва сармоягузорӣ имзо карданд. Ба он протоколе низ дохил мешавад, ки бар асоси он шабакаи барқӣ эҷод ва ду кишварро васл мекунад.

XS
SM
MD
LG