Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

CNN пахши барномаҳояш дар Русияро бозмедорад


Шабакаи телевизионии CNN (Cable News Network) пахши барномаҳояш дар Русияро бозмедорад. Ин кор ба тағири ахир дар қонунҳои матбуоти Русия иртибот дорад.

Соҳиби ин шабакаи телевизионӣ ширкати Turner Broadcasting System (TBS) умедвор аст, ки дар оянда ба бозори Русия баргардад. Намояндаи ширкати TBS тавзеҳот надод, ки дар қонуни матбуоти Русия чӣ тағирот ворид шудааст, ки он боиси қатъи фаъолияти CNN дар ин кишвар гардидааст.

Дар гузаштаи наздик дар Русия дар “Қонун роҷеъ ба матбуот” ислоҳ ворид шуд ва бар асоси он аз соли 2016 сармояи хориҷӣ дар ҳар расонаи хабарии Русия наметавонад бештар аз 20 дарсадро ташкил диҳад. Пештар хориҷиён метавонистанд дар ҳар расонаи хабарии Русия то 50 дарсад саҳм дошта бошанд.

Рӯзномаи “Ведомости”-чопи Маскав бо такя ба сарчашмаи худ навиштааст, ки CNN то ҳол дар Русия барои пахши барномаҳо муҷаввизи маҳаллӣ надорад. Бино ба навиштаи ин рӯзнома, CNN аз муддатҳо пеш барои дарёфти муҷаввиз дархост додааст, вале то ҳол онро дарёфт накардааст.

Шабакаи телевизионии CNN аз охири солҳои 1980-ӯм дар Русия барнома пахш мекунад ва ин шабака тамоми шабонарӯз дар Маскав намоиш дода мешуд. Ширкат хабар додааст, ки намояндагии CNN дар Маскав бидуни тағирот кори худро идома медиҳад.

XS
SM
MD
LG