Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздошти 3 ҷавон барои ҳамлаи авбошона дар Душанбе


Маъмурони пулиси шаҳри Душанбе се ҷавонро ба гумони анҷоми ҳамлаи авбошона дастгир карданд. Масъулони дафтари матбуоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 11 ноябр зимни тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ин ҷавонон ду рӯзи қабл ба гумони ҳамлаҳои авбошона дар шаҳри Душанбе боздошт гардиданд ва синни онҳо 18 то 20 сола аст. Ба иттилои ин манбаъ, тафтиши муқаддамотӣ мушаххас кард, ки ин се ҷавон ба ду сокини Ҳисор ва Душанбе ҳамла карда ва онҳоро мавриди лату куб қарор додаанд ва дар натиҷа ҷабрдидагон ҷароҳатҳои мухталиф бардоштанд. Мақомот мегӯяд, нисбати ин се ҷавон парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва таҳқиқ ҷараён дорад. Аммо дафтари матбуоти вазорати корҳои дохилӣ сабаби ҳамлаи ин ҷавононро ошкор накардааст.

Боздошти се ҷавон ба гумони ҳамлаи авбошона дар шаҳри Душанбе дар ҳолест, ки ҳафтае қабл ҳамчунин ҳамлае алайҳи як соҳибкори чинӣ ва ҳамсараш дар “Хитойбозор” сурат гирифта буд.Ба иттилои раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе таърихи 2 ноябр се шахси ниқобпӯш ба Юу Сзенгии 28-сола ва ҳамсараш бо корд ва туфанча ҳамла карда ва зери таҳдиду зӯроварӣ аз онҳо маблағ талаб карда буданд. Кормандони пулиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар пайи амалиёти фаврӣ – ҷустуҷӯӣ се ҷавон – Тоҳир Одилов, Солеҳ Хайриддинов ва Суҳроб Салимов, ки ҳар се донишчӯ ҳастанд, боздошт намуданд.

XS
SM
MD
LG