Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Моҷарои лафзии сарвазирони Сербия ва Албания дар Белград


Нахуствазирони Албания ва Сербия дар як нишасти хабарӣ дар Белград рӯзи 10 ноябр ба таниши лафзӣ пардохтанд. Раиси ҳукумати Албания Эди Рама аз Сербия даъват кард, ки истиқлоли Косоворо эътироф кунад ва афзуд, "чӣ қадар инро шумо пештар дарк кунед, ҳамон қадар мо пеш хоҳем рафт". Аммо нахуствазири Сербия Александар Вучич ин изҳоротро "дасиса" хонд ва гуфт, ки Белград ҳеҷ гоҳ истиқлоли Косоворо эътироф нахоҳад кард.

Сафари Эди Рама – нахустин сафари раиси ҳукумати Албания ба Белград дар 68 соли ахир аст. Ин сафар бояд моҳи гузашта доир мешуд ва аммо бар асари як моҷаро дар бозии футбол миёни дастаҳои Сербия ва Албания мавқуф гузошта шуд.

XS
SM
MD
LG