Пайвандҳои дастрасӣ

Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, рӯзи 10 ноябр вориди Пекин шуд. Чин нахустин аз миёни се кишварест, ки раҳбари Амрико дар дар ҷараёни сафараш ба кишварҳои минтақаи Осиёиву Уқёнуси Ором аз онҳо дидан мекунад.

Обама дар нишасти сарони кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором суханронӣ кард ва аз ҷумла, изҳор намуд, ки Амрико аз рушди Чин истиқбол мекунад. Ӯ изҳор намуд, ки “мо бо Чин дар бахши тиҷорат рақобат мекунем, аммо барои ҳамкорӣ аз рӯзи мушкилоти фаровону имкониятҳои умумӣ талош меварзем”.

Раисиҷумҳури Амрико эълом дошт, ки мӯҳлати раводид тоҷирони чиноӣ ба Амрико ба мӯҳлати то даҳ сол тамдид мешавад.

Дар ҷараёни сафари серӯзааш ба Чин, Обама бо раҳбари Чин Си Тзинпин мулоқот хоҳад кард. Қарор аст, ки сарони ду кишвар рӯзи 12 ноябр қабл аз анюоми сафари расмии Обама нишасти хабарии муштарак доир кунанд.

Барак Обама аз Пекин ба Мянмар сафар хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG