Пайвандҳои дастрасӣ

Таркиши пурқурбонӣ дар як мактаби писаронаи Нигерия


Бар асари таркиш дар як мактаби писарона дар шаҳри Потискум, воқеъ дар шимоли Нигерия, дасти кам 47 толибилм ба ҳалокат расид. Ба гуфтаи наҷотбахшон, як маргталаб рӯзи 10 ноябр борхалта бо маводи мунфаҷираро дар ҳоле тарконд, ки садҳо толибилмони мактаб барои ҷаласаи бомдодӣ саф кашида буданд. Шоҳидон мегӯянд, ки бештари ҷасадҳо ғарғи хун шуда буданд. Дар ин ҳодиса даҳҳо нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд.

Масъулияти ҳамларо ягон кас бар ӯҳда нагирифтааст, вале мақомот ангушти иттиҳом сӯи гурӯҳи “Боко Ҳаром” кардаанд, ки аз ин пеш ҳам дар мактабҳои Нигерия ҳамлаҳои террористӣ анҷом дода буд. Ҳадс зада мешавад, ки бар асари таркиши созмондодаи ин гурӯҳ ҳафтаи гузашта дар як мактаби шиаҳо дар Потискум тақрибан 30 нафар ҷон бохта буданд.

Моҳи апрели соли равон мусаллаҳони “Боко Ҳаром”, ки барои ташкили давлати исломӣ дар Нигерия мубориза мебаранд, беш аз 200 духтари мактабхони шаҳри Чибокро рабуда буд.

XS
SM
MD
LG