Пайвандҳои дастрасӣ

Штайнмейер: Русия бояд шартҳои оташбасро риоя кунад


Франк-Волтер Штайнмейер, вазири умури хориҷии Олмон, 10 ноябр дар Остона изҳор намуд, ки вазъ дар шарқи Украина бадтар мешавад ва ҳама ҷонибҳо, аз ҷумла, Русия бояд созиши оташбасро риоя кунанд. Як рӯз пеш Иттиҳодияи Аврупо ва ИМА аз хабарҳо дар бораи интиқоли нерӯҳои зиёду мошинҳои низомӣ аз тариқи қаламрави таҳти назорати ҷудоихоҳони рустабор дар шарқи Украина изҳори нигаронӣ карда буданд.

“Мутаассифона, вазъ боз ҷиддӣ шуд. Ман фикр мекунам, ки мо бояд ҳама ҷонибҳои вуруд ба ин низоъ, аз ҷумла, Русияро даъват кунем то боз ба шартҳои протоколи Минск баргарданд”, гуфт вазири умури хориҷии Олмон дар сӯҳбат бо хабарнигорон дар пойтахти Қазоқистон.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, дар вилояти Донетск рӯзи 9 ноябр шадидтарин тирборон аз тӯпхона баъд аз имзои созиши оташбас сурат гирифт.

XS
SM
MD
LG