Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳалокати 10 корманди полис дар ҳамлаҳо дар Афғонистон


Мақомоти вазорати умури дохилии Афғонистон мегӯянд, ки рӯзи душанбе бар асари таркиши бомбҳо дар вилоятҳои шарқии кишвар дасти кам даҳ корманди полис ва як сокини осоишта кушта шуданд. Дар вилояти Лугар як маргталаб худро дар канори қароргоҳи полис мунфаҷир кард ва ин муҷар ба ҳалокати 8 кас, аз ҷумла, 7 корманди полис шуд. Ба иттилои расмӣ, дар ин тариш дар маркази вилоят – шаҳри Пули Алам раҳбари полиси маҳаллӣ ҳам ҷон бохтааст.

Ду рӯз пеш ҳамин гуна ҳамла дар канори як қароргоҳи полис дар шаҳри Кобул мунҷар ба ҳалокати як нафар шуда буд.

Мақомоти маҳаллӣ хабар доданд, ки рӯзи 10 ноябр дар дигар вилояти шарқӣ - Нангарҳор бар асари таркиши бомби дар велосипед ҷойгузоришуда се корманди полис ба ҳалокат расиданд.

Ҳамчунин таркиши бомб дар наздикиҳои донишгоҳи шаҳри Кобул се нафарро захмӣ кард.

XS
SM
MD
LG