Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳазорон нафар дар Боку тазоҳурот карданд


Ҳазорон нафар аз тарафдорони мухолифони давлат дар Озарбойҷон алайҳи ҳукумат эътироз карда ва хостори раҳоии “зиндониёни сиёсӣ” дар кишвар шуданд. Тазоҳуроти рӯзи 9-уми ноябр дар майдони варзишии Маҳсул дар Боку ва бо ташаббуси Шӯрои миллии нерӯҳои демократии Озарбойҷон баргузор шуд. Дар паси минбаре, ки пешвоёни мухолифон суханронӣ мекарданд, рӯи як парда акси ҳомиёни ҳуқуқ, хабарнигорон ва сиёсатмадорони зиндонӣ намоиш дода мешуд. Ҷамил Ҳасанлӣ, раиси Шӯрои миллии нерӯҳои демократии Озарбойҷон дар ин тазоҳурот гуфт, дар ҳеҷ кишвари ҷаҳон мисли Озарбойҷон теъдоди зиёди маҳбусони сиёсӣ вуҷуд надорад. Ӯ номи ин зиндониёнро баршумурд ва Лайло ва Ориф Юнус ҳомиёни ҳуқуқи инсонро зикр кард, ки ҳарду бо иттиҳоми хиёнат ба ватан ва ҷиноятҳои дигар боздошт шудаанд ва парвандаҳои онҳоро дорои ангезаҳои сиёсӣ медонанд.

XS
SM
MD
LG