Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марокаш аз мизбонии Ҷоми Африқо маҳрум мешавад


Ба эҳтимоли ғолиб Марокашро аз ҳаққи мизбонии бозиҳои Ҷоми Футболи Африқо маҳрум мекунанд. Қарор буд, бозиҳои 16 даста аз кишварҳои Африқо моҳи январ дар Марокаш сурат бигирад, вале ин кишвар аз тарси хуруҷи бемории эбола хост, ин бозиҳо ба таъхир андозанд. Намояндагони Конфедератсиюни футболи кишварҳои Африқо аз Марокаш хоста буданд, то ҳамин ҳафта қарор дар бораи мизбонии бозиҳоро қабул кунад, вале тасмиме дар ин замина гирифта нашудааст. Ҳафтаи оянда раҳбарони Конфедератсиюни футболи кишварҳои Африқо дар Қоҳира ҷамъ омада ва сарнавишти мусобиқоти соли 2015-ро баррасӣ мекунанд, вале яқин аст, ки Марокаш аз ҳаққи мизбонии бозиҳо маҳрум мешавад.

XS
SM
MD
LG