Пайвандҳои дастрасӣ

Дар таркише дар Кобул афсари пулис кушта шуд


Бино ба гузоришҳо, дар натиҷаи таркиш дар наздикии раёсати умури дохилии шаҳри Кобул, як афсари пулис кушта шудааст ва шаш тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Генерал Муҳаммадзоҳир Зоҳир, сардори раёсати пулиси шаҳри Кобул дар ин бора ба хабаргузории “Ассосиейтед Пресс” хабар дода ва гуфтааст, ки худаш дар ин ҳамла осеб надид. Сухангӯи вазорати умури дохилии Афғонистон гуфт, таркиш замоне сурат гирифт, ки мардум дар ин маҳал зиёд буд. Ду соат пеш аз ин дар шаҳри Кобул ба мошини сарбозони артиш ҳамла карданд, вале касе дар ин ҳодиса осеб надид. Толибон масъулияти ин ҳамлаҳоро бар ӯҳда гирифтанд.

XS
SM
MD
LG