Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико ба мавзеъҳои ҷангҷӯён дар Ироқ зарба зад


Артиши Амрико гуфт, ки ба як ҷамъомади раҳбарони созмони тундрави Давлати исломӣ дар Ироқ зарба задааст. Як мақоми баландпояи вазорати дифои Амрико гуфт, дар силсилаи зарбаҳои ҳавоӣ ба мавзеъҳои ҷангҷӯён дар наздикии шаҳри Мосул 10 мошини онҳо нобуд шуд. Бар тибқи гузоришҳо, дар натиҷаи ин ҳамлаҳо, Абубакр ал-Бағдодӣ, раҳбари созмони Давлати исломӣ, маҷрӯҳ шудааст, вале ин гузоришҳо ҳанӯз таъйид нашудаанд. Ал Бағдодӣ худро халифаи манотиқи васеъи ишғолкардаашон дар Ироқу Сурия эълон кардааст. Ва дигар инки дар натиҷаи бомбгузориҳо дар дохилу атрофи шаҳри Бағдод пойтахти Ироқ дасти кам 41 нафар кушта шуданд. Аз ҷумла таркиши мошини бомбгузоришуда дар маҳаллаи шианишини Садр дар Бағдод 11 нафарро кушта ва 21 тани дигарро маҷрӯҳ кард.

XS
SM
MD
LG