Пайвандҳои дастрасӣ

Корвони низомӣ дар Украина нозиронро нигарон кард


Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо гуфт, аз ҳаракати мошинҳои муҳимоти ҷангӣ ва танку тӯпхона дар манотиқи таҳти назорати ҷудоихоҳон дар шарқи Украина “бисёр нигарон” шудааст. Дар як баёнияи расмии созмон аз рӯзи 8-уми ноябр омадааст, ки нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар шаҳрҳои Донестк ва Макиивка “корвони тупхонаҳои вазнин ва тонкҳоро мушоҳида кардаанд.” Рӯзе пештар аз ин артиши Украина иддао кард, ки Русия барои кӯмак ба ҷудоихоҳон 32 тонк ва мошинҳои пурбор фиристодааст. Русия иддаоҳо дар бораи кӯмак ба ҷудоихоҳон дар Украинаро рад мекунад. Нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо гуфтанд, ки “бештар аз 40 мошини боркаш ва мошинҳои сӯзишворӣ дар шоҳроҳе дар канори шаҳри Макиивка дида шуданд.” Ба гуфтаи онҳо, 19 мошин рақаму нишон надоштанд ва афродеро мебурданд, ки либосҳои тираи сабз доштанд.

XS
SM
MD
LG