Пайвандҳои дастрасӣ

Фарҳод Неъматов, варзишгари тоҷик, дар сабқати таэквондо WTF дар Бозиҳои XVII Осиё дар Инчони Кореяи Ҷанубӣ медали биринҷӣ ба даст овардааст.

Фарҳод Неъматов, узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон, дар сабқати таэквондо WTF аз рӯи барномаи Бозиҳои XVII Осиё дар Инчони Кореяи Ҷанубӣ бо медали биринҷӣ сарфароз гаштааст. Вай дар сабқати мардон дар вазни то 80 кило бар рақибонаш Вей Тинг Лиу аз Ветнам бо ҳисоби 6-2 ва Иброҳим Носир аз Афғонистон бо ҳисоби 3-0 пирӯз шуда, ба нимфинал баромад. Вале Фарҳод дар даври ниманиҳоӣ аз Маҳдӣ Худобахшӣ аз Эрон бо ҳисоби 2-7 шикаст хӯрд ва дар натиҷа мақоми севумро касб кард. Фарҳод дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “мақсад дорам ба Олимпиадаи тобистонаи соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия роҳхат бигирам ва ҷоизадори Бозиҳои олимпӣ шавам.”

Ёдовар мешавем, мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои XVII Осиё, ки аз 19-уми сентябр то 4-уми октябри соли равон дар Инчони Кореяи Ҷанубӣ баргузор шуданд, дар 16 намуд рақобат карда, 5 медал (1 тилло, 1 нуқра ва 3 биринҷӣ ) ба даст овардааст.

Нахуст Дилшод Назаров дар гурзандозӣ дар сабқати мардон бо натиҷаи 76 метру 82 сантиметр мақоми аввалро касб карда, бо медали тилло сарфароз гаштааст. Баъдан Залимхон Юсупов дар сабқати гуштии озод дар вазни то 65 кило бо медали нуқра мукофотонида шудааст.

Сипас дар сабқати таэквондо WTF байни мардон Фарҳод Неъматов дар вазни то 80 кило, Алишер Гулов дар вазни беш аз 87 кило ва миёни занон Моҳрӯ Ҳалимова дар вазни беш аз 73 кило ба мунтахаби Тоҷикистон се медали биринҷӣ овардаанд.

Бояд гуфт, ки шумораи медалҳои ба даст овардаи варзишгарони тоҷик нисбат ба теъдоди медалҳои мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои XVI Осиё соли 2010 дар Гуанҷоуи Чин як адад бештар аст. Инчунин мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои Инчон нисбат ба Бозиҳои Гуанҷоу дар ҳисоби умумидастаӣ бо назардошти сифати медалҳо 5 зина боло - 23-юм шуд. Ин натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои Осиё аз соли 1994 то кунун мебошад.


Шарҳи ҳоли Фарҳод Неъматов: 22-юми ноябри соли 1989 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Мактаби миёнаи рақами 10-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ, баъдан факултаи таърихи Донишгоҳи омӯзгории ба номи Садриддин Айниро хатм кардааст. Соли 2010-ум оиладор шудааст, як духтар дорад. Ҳамсараш Таҳмина Хоҷаева низ бо таэквондо WTF машқ мекард. Фарҳод аз синни 10-солагиаш ба таэквондо шуғл меварзад. Мураббии аввалинаш Таҳмина Исомова мебошад. Фарҳод узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон аст ва аз соли 2009-ум таҳти роҳбарии мутахассиси хориҷӣ Ҷон Ҷонг Фи ва мураббиёни тоҷик Исматулло Хоҷаев ва Ҷаҳонзеб Қармишев тамрин мекунад. Фарҳод Неъматов қаҳрамони бисёркаратаи Тоҷикистон ва ғолиби мусобиқоти байналмилалист. Ӯ дар мусобиқаи интихобии қораи Осиё дар пойтахти Тайланд – шаҳри Бангкок дар вазни то 80 кило мақоми севумро касб карда, ба ҳаққи ширкат дар Олмпиадаи Лондон-2012 мушарраф гаштааст. Вай барандаи медали биринҷии Бозиҳои XVII Осиё (Инчон, 2014) мебошад.

Хабарнигори Радиои Озодӣ дар Деҳаи Бозиҳои XVII Осиё дар Инчони Кореяи Ҷанубӣ бо Фарҳод Неъматов суҳбате анҷом дод, ки ин ҷо метавонед тамошо кунед.

XS
SM
MD
LG