Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Обама аз вакилон хост, барномаҳояшро тасвиб кунанд


Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико аз вакилони Ҳизби ҷумҳурихоҳ ва Ҳизби демократ хост, то охири имсол барои барномаҳои мубориза бо ҷангҷӯёни созмони Давлати исломӣ дар Ироқу Сурия ва ҳам бемории эбола пул ҷудо кунанд. Рӯзи 7-уми ноябр дар шоми муштарак бо вакилони ҳарду ҳизб дар Кохи Сафед, Барак Обама хост, дархости ӯ барои ихтисоси 5 миллиарду 600 миллион доллар барои амалиётҳо алайҳи ҷангҷӯёни созмони Давлати исломӣ дар Ироқу Сурияро тасвиб кунанд. Як миллиарду 600 миллион доллари ин маблағҳо барои ирсоли 1500 сарбози дигари амрикоӣ ба Ироқ харҷ мешаванд. Барак Обама дастури эъзоми сарбозонро рӯзи 7 ноябр содир кард. Дар маҷмӯъ 3100 сарбози Иёлоти Муттаҳида нерӯҳои ироқӣ ва пешмаргаи курдро барои ҷанг бо тундравон тамрин медиҳанд. Обама ҳамчунин аз Конгресс хост, ки барои мубориза бо бемории эбола 6 миллиарду 100 миллион доллар ихтисос бидиҳанд. Конгресси Амрико, дар интихоботи миёндавраии чанд рӯз пеш ба дасти Ҳизби ҷумҳурихоҳ гузашт. Ҷаласаи охирини конгресс бо таркиби феълӣ ва дар дасти демократҳо рӯзи 12 ноябр оғоз мешавад ва конгресси таҳти назорати ҷумҳурихоҳон моҳи январ ҷамъ меояд.

XS
SM
MD
LG