Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лавров ва Ҷон Керрӣ дар Пекин мулоқот мекунанд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Ожонсиҳои Русия гузориш додаанд, ки Сергей Лавров-вазири корҳои хориҷаи Русия ва Ҷон Керрӣ-вазири корҳои хориҷаи Амрико 8 ноябр дар Пекин пеш аз мулоқоти раҳбарони кишварҳои АПЕК ё Ҷомеаи иқтисодии Осиё ва ҳавзаи уқёнуси Ором бо ҳам мулоқот хоҳанд кард.

Ин гузоришҳо аз номи як манбаъ дар вазорати корҳои хориҷаи Русия нақли қавл карданд. Интизор меравад, ки дар Пекин вазъи Украина дар сархати мавзӯъҳои баҳс қарор бигирад.

Дмитрий Песков-сухангӯи раиси ҷумҳури Русия низ гуфт, ки имкон дорад Владимир Путин ва Барак Обама низ дар мулоқоти 10-11 ноябр ба ҳар роҳе якдигарро бубинанд.

XS
SM
MD
LG