Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷашни серӯзаи 25 солагии суқути девори Берлин оғоз ёфт


Девори Берлин дар ҳамин ҷо буд
Девори Берлин дар ҳамин ҷо буд

7 ноябр дар Олмон ҷашни серӯзаи 25 солагии суқути девори Берлин оғоз ёфт. Ангела Меркел, ки дар Олмони шарқӣ, яъне дар Олмони зери назорати кумунистҳо ба воя расидааст, раҳбарии ин ҷашнро бар уҳда дорад. Дар ин ҷашн хотираи ононе пос дошта мешавад, ки ҳангоми фирор аз режими саркӯбгарона кушта шудаанд.

Меркел, ки ҳоло 60 сол дорад, мегӯяд, ба вай зарур омад, ки 35 сол озодиро мунтазир шавад. Михаил Горбачёв-раҳбари вақти Шӯравӣ бо “перестройка” ва “гласност”-и худ роҳро барои тағирот боз кард. Аз вай мардум дар посгоҳ ё гузаргоҳи марзии қадимаи Берлин, ки Чарлӣ ном дорад, пазироӣ мекунанд.

Ин ҷашн 9 ноябр бо консерти бузург дар Берлин ба поён мерасад. Девори Берлин 9 ноябри соли 1989 аз байн рафт ва ба ҳамин тартиб барои ду Олмон давраи ҷудоӣ анҷом ёфт.

XS
SM
MD
LG