Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кормандони Шуъбаи корҳои дохилаи ноҳияи Турсунзода воқеъ дар 55 километрии ғарби пойтахти Тоҷикистон ду ҷавонро боздошт кардаанд, ки дар лату куб ва бо зурӣ аз худ кардани мошини 6 ҳазору 200 доллараи сокини ноҳияи Фархор гумонбар дониста мешаванд.

Дафтари матбуотии Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт, ки кормандони зудамали Шӯъбаи корҳои дохилии Турсунзода дирӯз ду ҷавон сокинони ноҳияи Ваҳдат ва Восеъро ба таври фаврӣ боздошт кард анд, ки бо зурӣ мошини Мусо Исоевро аз худ карда қасди фурӯхтан доштаанд.

Тавре Вазорати корҳои дохила мегуяд, Каримов Тоҳир-сокини ноҳияи Ваҳдат ва Рамзатуллои Амонулло-сокини ноҳияи Восеъ шаби панҷшанбе дар назди тарабхонаи “Колхози Россия”, воқеъ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт Мусо Исоев сокини ноҳияи Фархорро маҷбур дар мошини худи ӯ “Опел-Астра” шинонида, ба ноҳияи Ҳисор бурда, лату кӯб карда, бо роҳи зӯрӣ “Опел-Астра”-ашро аз худ кардаанд.

Гуфта мешавад, ки арзиши ин мошин ба 6200 доллар баробар будааст. Зимни анҷоми амалиёти фаврӣ аз ҷониби кормандони Шӯъбаи корҳои дохилаи Турсунзода ҳамчун гумонбар Тоҳир Каримов-сокини ноҳияи Восеъ ва Рамзатуллои Амонулло-сокини ноҳияи Ваҳдат дастгир кардаанд.

XS
SM
MD
LG