Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ҳузури низомиашро дар марз афзоиш нахоҳад дод


Николай Бордюжа
Николай Бордюжа

Бино ба хабари матбуоти Русия ОДКБ ё Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ба нақша нагирифтааст, ки баъд аз хуруҷи нируҳои эътилофи байналмиллалӣ аз Афғонистон ҳузури худро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ афзоиш диҳад. Дар ин бора Николай Бордюжа-Дабири кулли ин паймон изҳори ақида кардааст.

Вай гуфтааст, барои афзоиши ниру зарурате вуҷуд надорад ва дар ин кишварҳо нируҳо ба андозаи кофӣ вуҷуд доранд. Дар сурати зарурӣ ин паймон ҳамеша омода аст, ки нируҳои вукуниши сареъи кишварҳои узви паймонро сафарбар кунад.

Бордюжа гуфтааст, “бештар аз ҳама ба марзи миёни Тоҷикистону Афғонистон таваҷҷуҳ хоҳад шуд ва дар чаҳорчӯбаи ҳамкориҳои паймон тадбирҳо андешида мешавад, то нируҳои мусаллаҳи Тоҷикистон бо аслиҳа таъмин шаванд. Ба нируҳои Қирғизистон низ бо аслиҳа кӯмак хоҳад шуд”.

Борюжа ҳамчунин гуфт, ки як ҷо бо нируҳои махсуси мубориза бо қочоқи маводи мухаддир роҳҳои қочоқи ин мавод аз Афғонистон баста хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG