Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирофоти раиси ҷумҳури Фаронса дар бораи иштибоҳҳояш


Франсуа Олланд
Франсуа Олланд

Франсуа Олланд-раиси ҷумҳури Фаронса, ки дар таърихи муосири Фаронса дорои поинтарин эътибор аст, эътироф кард, ки иштибоҳоти зиёд содир намудааст.

Вай рӯзи панҷшанбе зимни суханонои худ аз телевизиони Фаронса изҳор дошт, ки омода аст, ислоҳоти оғозшударо дар марҳилаи бӯҳронӣ то ба ахир иҷро кунад.

Вай бори дигар таъкид кард, ки барои давраи дуввуми раёсати ҷумҳурӣ номзадии худро пешбарӣ намекунад, агар натавонад бекориро аз байн бибарад. Дар давоми дуним соли раёсати вай сафи бекорон дар Фаронса афзоиш меёбад.

XS
SM
MD
LG