Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озмуни Сафорати ИМА барои ҳифзи ёдгориҳои фарҳангӣ


Сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Тоҷикистон рӯзи 7 ноябр барои дарёфти сармоя аз Хазинаи сафирон дар ҳифзи мероси фарҳангӣ озмун эълон кард. Маблағҳои ин бунёд барои барқарор кардани биноҳои бостонӣ ва таърихӣ, арзёбӣ ва ҳифзи дастнависҳои нодир ва нигораҳои осорхонаҳо, нигоҳ доштани мавзеъҳои муҳими бостонӣ, сабти ҷузъиёти ҳунарҳои миллӣ ва забонҳои маҳаллие, ки бо хатари нобудӣ рӯбарӯянд, истифода мешаванд. Бунёди сафирон барои ҳифзи мероси фарҳангӣ дар ИМА дар соли 2001 барои ғамхорӣ ба мероси фарҳангӣ ва таърихӣ таъсис ёфтааст. Мероси фарҳангӣ нишонаест аз саҳмгузорӣ ва таҷрибаи таърихии башарият. То ба имрӯз сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таввасути гранти ХСҲМФ 15 барномаро дар Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 540000 доллари амрикоӣ дастгирӣ намудааст. Тафсилоти озмун рӯзи 12 ноябри соли ҷорӣ дар Гӯшаи Амрико вокеъ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор мегардад. Сафорати Иёлоти Муттаҳида аз хоҳишмандон ширкат дар озмун хостааст, пешниҳодҳои худро то 28 ноябр ба миён гузоранд.

XS
SM
MD
LG