Пайвандҳои дастрасӣ

Атамбоев дар Қазоқистон ҳамкориҳоро баррасӣ мекунад


Kyrgyzstan -- President Almazbek Atambaev speaks during a news conference in Bishkek, December 16, 2013

Kyrgyzstan -- President Almazbek Atambaev speaks during a news conference in Bishkek, December 16, 2013

Алмазбек Атамбоев-раиси ҷумҳури Қирғизистон дар Қазоқистон роҷеъ ба ҳамкориҳо дар бахши энержӣ музокира анҷом медиҳад. Вай 7 ноябр бо Нурсултон Назарбоев-раиси ҷумҳур ва Карим Масимов-нахуствазир дидор ва гуфтугӯ мекунад.

Ҳар ду раиси ҷумҳур раёсати ҷаласаи чаҳоруми Кумиссиюни олии байнидавлатиро бар уҳда хоҳанд дошт. Дар ин ҷаласа масъалаҳои рушди ҳамкориҳои баъдии ин ду кишвари ҳамсоя баррасӣ мешавад.

Интизор меравад, ки Атамбоев ва Назарбоев имкони афзоиши нируи барқ аз Қазоқистон ба Қирғизистонро баррасӣ кунанд. Қазоқистон дар миёни кишварҳои Шӯравии пешин дуввумин кишвари тавлидкунандаи нафт ба шумор меравад, дар ҳоле ки Қирғизистон манбоеи зиёди энержӣ надорад.

Интизор меравад, ки то поёни соли ҷорӣ Қирғизистон ба иттиҳодияи Гумрукӣ бипайвандад. Ҳоло дар он Русияву Беларус ва Қазоқистон узвият доранд.

XS
SM
MD
LG