Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арзиши рубли русӣ ба нуқтаи рекордӣ поин рафт


Субҳи 7 ноябр арзиши рубли русӣ дар баробари доллар ва евро ба нуқтаи рекордӣ поин рафт. Акнун як доллар ба 48 рубл ва як евро ба 59,4 евро дар нуқтаҳои фурӯши асъор дар Маскав ба фурӯш меравад.

Танҳо аз аввали соли ҷорӣ рубли русӣ дар баробари доллар ва евро 25 дарсади арзиши худро аз даст додааст, бо вуҷуди он ки Бонки Марказии Русия барои нигоҳ доштани арзиши он борҳо мудохила кардааст.

Тасмими рӯзи 5 ноябри бонк дар бораи маҳдуд кардани 350 миллион доллар мудохилаи молӣ барои як рӯз шадидан арзиши рублро поин бурдааст. Бонк гуфтааст, барои нигоҳ доштани арзиши рубл намехоҳад бештар аз 350 миллион доллар дар як рӯз ҷудо кунад.

Сабаби поин рафтани арзиши рубли русӣ поин рафтани арзиши нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ, таҳримҳои Ғарб бар зидди Русия, илҳоқ ё пайвастани Қрими Украина ба Русия ва нақши Русия дар бӯҳрони Украина мебошад.

XS
SM
MD
LG