Пайвандҳои дастрасӣ

Барф дар Душанбе ва Суғд


Идораи обуҳавосанҷии Тоҷикистон хабар дод, ки дар шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд бориши барф шурӯъ шуда ва идома дорад. Навбатдори Идораи ҳавосанҷии Тоҷикистон дар нимаи дуввуми панҷшанбе хабар дод, ки дар навоҳии вилояти Суғд ва пойтахти кишвар резшиши барф оғоз шуда идома дорад. Ба гуфтаи манбаъ, имкон дорад то рӯзи дигар дар ҳамаи навоҳии кишвар барф борад, аммо феълан дар навоҳии минтақаи Рашт ва Хатлону Бадахшон ҳавои абрӣ буда, эҳтимоли резиши борон ва барф вуҷуд доштааст. Бахши иттилооти фаврии вазорати нақлиёти Тоҷикистон низ резиши барф дар пойтахт ва навоҳии вилояти Суғдро тасдиқ намуд ва гуфт, ки бо вуҷуди ин шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд ва дигар роҳҳои мошингард боз ҳастанд. Муҳаммадюсуф Шодиев, сухангӯи Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе гуфт, ки бориши барф дар пойтахт ҳанӯз садди парвозҳо дар фурудгоҳ нашудааст ва парвозҳо бидуни мамониат аз рӯи ҷадвал идома доранд.

XS
SM
MD
LG