Пайвандҳои дастрасӣ

Бӯҳрони сиёсӣ баъд аз истеъфои 3 вазири ғарбгарои Гурҷистон


Раиси порлумони Гурҷистон мегӯяд, истеъфои се вазири ғарбгарои ҳукумати ин кишвар мумкин аст, суръати ҳамгироии Гурҷистонро бо НАТО ва Иттиҳоди Аврупо кам кунад, аммо сабаби тағйир самтгирии сиёсати хориҷии он нахоҳад шуд. Давид Юсупашвилӣ рӯзи 6-уми ноябр ба хабарнигорон гуфт, “ҳамаи гуфтугӯҳо аз дигар шудани роҳи ояндаи Гурҷистон” асос надоранд. Ин дар ҳолест, ки ду рӯз пеш вазири умури хориҷии ин кишвар Мая Панҷикидзе ва вазири ҳамгироии Аврупоӣ ва Авруатлантикии Гурҷистон Алекси Петриашвилӣ баъд аз барканории вазири дифоъ Ираклий Аласания аз мақоми худ даст кашиданд ва эътилофи ҳоким фурӯ рехт. Вазорати умури хориҷии Амрико аз Гурҷистон даъват кард, ҳаракаташро ба самти ояндаи Авруатлантикӣ қатъ накунад.

XS
SM
MD
LG