Пайвандҳои дастрасӣ

Оғози фестивали "Диёри ҳусн" дар Душанбе


Рӯзи 6 ноябр дар Душанбе фестивали 8-уми байналмилалии “Диёри ҳусн 2014” ифтитоҳ шуд. Ин ҷашнвора, ки бо ташаббуси бунёди байналмилалии ҳунарҳои дастии Тоҷикистон “Ҳафт пайкар” баргузор мешавад, 4 рӯз идома хоҳад кард. Дар ин ҷашнвора ҳунармандони саноеи дастӣ аз Тоҷикистон Афғонистон Эрон Узбакистон, Қирғизистон, Туркманистон ширкат доранд. Дар чаҳорчӯби ин ҷашнвора, намоиши мӯди либос, ҳунари намадбофӣ, намоишгоҳи ҳунарҳои дастӣ баргузор мешавад. Масъулин ҳадафи баргузории чашнвораи “Диёри ҳусн”-ро барои эҳёи ҳунарҳои дастии ба фаромӯши рафта, муҳим унвон мекунанд.

XS
SM
MD
LG