Пайвандҳои дастрасӣ

Ризоияти мардуми шӯравии пешин аз ҳаёти худ рӯ ба коҳиш дорад


Бино бар як пажӯҳиши нав қаноатмандии одамон аз сатҳи зиндагии худ дар кишварҳои Шӯравии пешин ва Аврупои Шарқӣ баъд аз баландтарин нуқтаи худ дар синни 15-24-солагӣ барои тамоми давраи баъдӣ коҳиш меёбад. Маҷаллаи бонуфузи тиббии “Лансет” мегӯяд, ризоият аз зиндагӣ дар кишварҳои сердаромади инглисизабон баландтар аз ҳама аст. Дар ин кишварҳо ҳар даҳумин нафари 15-24-сола аз ҳаёт розиянд, ки 7,5 дарсадро ташкил медиҳад. Хушнудии онҳо дар синни 45-54 камтар мешавад ва то нимаҳои ҳафтодсолагӣ рӯ ба коҳиш мениҳад. Дар кишварҳои Шӯравии пешин ва Аврупои Шарқӣ баландтарин нуқтаи ризоият аз ҳаёт ба 6 дарсад мерасад ва он аз шохири кишварҳои Амрикои Лотин поинтар аст.

XS
SM
MD
LG