Пайвандҳои дастрасӣ

Обама хостори ризоияти Конгресс барои ҳамла ба ДИ шуд


Раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида Барак Обама мегӯяд, аз ҳайати феълии Конгресс парвонаи амалиёти ҷангии зидди гурӯҳи Давлати Исломӣ (ДИ)-ро ба даст хоҳад овард. Як рӯз пас аз интихоботи миёндавраӣ, ки дар он Ҳизби демократи Обама бо шикаст рӯбарӯ гашт, раисиҷумҳури Амрико дар бораи созиш бо Эрон низ боэҳтиёт ҳарф зад. Ҳалли ин ду масъала дар Конгресс, ки акнун зери назорати Ҳизби ҷумҳурихоҳ қарор хоҳад буд, ба Обама ба осонӣ даст нахоҳад дод. Ҳайати нави Конгресс корро аз моҳи январ оғоз хоҳад кард. Обама рӯзи 7 ноябр масъалаи бархӯрд бо гурӯҳи Давлати Исломиро бо сарони Конгресс баҳс хоҳад кард ва созишнома бо Эрон бояд то 24 ноябр рӯшан шавад.

XS
SM
MD
LG