Пайвандҳои дастрасӣ

Талаби додситонии Ню Йорк аз як ширкати шаҳрванди Русия


Додситонии Ню Йорк аз ширкати Превезон Ҳолдинг, ки дар ҷазираи Қибрис сабт шудааст ва ба Денис Кансев шаҳрванди Русия тааллуқ дорад, хостааст як миллиону 100 ҳазор доллари дигар ҷарима бипардозад. Додситонӣ мегӯяд, ширкати мазкур пули моликиятеро, ки дар Амрико харидааст, аз роҳи тақаллуб дар Русия ба даст овардааст. Дар маҷмӯъ аз ширкати Превезон Ҳолдинг талаб доранд, ки 1 миллиону 900 ҳазор доллар бисупорад. Ин тақаллубкориҳоро, ки Сергей Магнитский вакили дифои фавтидаи рус ошкор карда ва гуфта буд, ки дар он замон аз хазинаи давлати Русия 230 миллион долларро дуздидаанд. Магнитский баъди ин дар зиндоне дар Маскав рӯзи 16-уми соли 2009 даргузашт. Парванда алайҳи ширкати Первезон Ҳолдинг моҳи октябр шурӯъ шуд ва додситонӣ муомила бо амволи ин ширкат дар Ню Йоркро, ки чандин миллион доллар арзиш дорад, манъ кардааст. Денис Кансев фарзанди вазири собиқи нақлиёти вилояти Маскав ва аз афроди сарватманди ин вилоят аст.

XS
SM
MD
LG