Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пентагон Эрону Покистонро сахт танқид кардааст


Дар як арзёбии тозаи Амрико дар бораи вазъи Афғонистон, ду ҳамсоякишвар Покистону Эронро сахт танқид карда ва гуфтаанд, ки ин ду кишвар авзоъ дар минтақаро ноором мекунанд. Дар арзёбии вазорати дифои Амрико омадааст, ки Покистон тундравон дар дохили Афғонистонро ба ҳайси абзоре алайҳи Ҳинд ба кор мебарад, то аз ин роҳ нуфузи коҳишёбандаи худро дар Афғонистон нигаҳ дорад ва ба қудрати болотари низомии Ҳинд муқовимат кунад. Дар арзёбӣ гуфта мешавад, ки гурӯҳҳои тундрав “ба ҳайси барангезандаи аслии ихтилоф дар муносиботи Афғонистону Покистон боқӣ мемонанд.” Вазорати дифои Амрико гуфтааст, ки Горди посдорони инқилоби исломии Эрон бо ҳадафи суръат бахшидан ба хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон ба Толибон бо аслиҳа кӯмак мекунад, вале айни замон ҳукумати Эрон бо Афғонистон муносиботи дӯстона ба роҳ монда монеъи бозгашти Толибон ба қудрат мешавад. Бар тибқи арзёбии Пентагон, Эрон бо барномаи кӯмаки молӣ ва иқтисодии 1 миллиард долларӣ ба Афғонистон дар ин кишвар “эҳсосоти эронгароӣ ва шиагароиро” таҳрик медиҳад.

XS
SM
MD
LG