Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти мушовири собиқи Э.Раҳмон


Исомиддин Салоҳиддинов, раиси пешини ҷамъияти форсизабонони ҷаҳон “Пайванд” даргузашт. Аловиддин Салоҳиддинов, фарзанди Исомиддин Салоҳиддинов ба Радиои Озодӣ гуфт, ки падараш рӯзи 5 ноябр қабл бар асари ҳамлаи қалбӣ ва фишори хун аз олам чашм пӯшид. Ба гуфтаи ӯ, маросими дафни Исомиддин Салоҳиддинов рӯзи ҷумъа дар зодгоҳаш – рустои Панҷрӯди ноҳияи Панҷакент доир мешавад.

Исомиддин Салоҳиддинов таи як соли ахир аз бемории дил ранҷ мебурд. Ӯ чандин сол раисии Кумитаи иҷроияи Анҷумани тоҷикон ва форсизабони ҷаҳонро бар дӯш дошт. Вай аз соли 1998 то соли 2001 мушовири калони президенти Тоҷикистон оид ба равобит бо ҷомеа ва муносиботи байналмилалӣ буд ва қабл аз ин таи дусол 1996-98 дар вазифаи раиси ҳукумати шаҳри Панҷакент ифои вазифа кардааст. Исомиддин Салоҳиддинов ҳамчунин як навбат вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон интихоб шуда буд.

Исомиддин Салоҳиддинов соли 1947 дар деҳаи Панҷрӯди Панҷакент таваллуд шуда, Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистонро хатм кардааст.

XS
SM
MD
LG